Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тифлис 3,6 миллион доллар кӯмак кардааст


Амрико мегӯяд, аз оғози низоъ ба маблағи беш аз 3 600 000 доллар ба Гурҷистон ёриҳои ғизоиву башарӣ расондааст. Ҳенриэтта Гор, маъмури Ожонси рушди байналмилалии Амрико гуфт, рӯзи ҷумъа тавзеъи чунин ёриҳо дар шҳри Гори, ки нирӯҳои Русия ишғолаш кардаанд, низ шурӯъ шуд. Танҳо рӯзи ҷумъа 2 ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои тиббӣ ва соъир анвоъи ёриҳои башарии Амрико дар фурудгоҳи Тифлис нишаст.

XS
SM
MD
LG