Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Русия дар Гурҷистон боқӣ мондаанд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи шанбе қарордоди оташбас бо Гурҷистонро имзо кард.

Ҳамтои гурҷии ӯ Михаил Саакашвили ба ин созишнома рӯзи ҷумъа дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс имзо гузошта буд.

Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои расида аз Гурҷистон ҳокист, ки бо вуҷуди пешрафт дар масъалаи оташбас, нирӯҳои Русия ҳамчунон дар чанд минтақаи Гурҷистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Гори ва Поти боқӣ мондаанд.

Гурҷистон рӯзи шанбе Русияро дар тахриби як пули роҳи оҳан дар масири калидие, ки манотиқи ғарби ин кишварро бо манотиқи шарқиаш мепайваст, муттаҳам кард. Хабаргузории Ройтерс низ тахриб шудани ин пулро таъйид кардааст. Вале Русия даст доштанаш дар ин амалро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG