Созмони Милал мегӯяд, дар ҷараёни низоъи Гурҷистону Русия, 118 ҳазор нафар аз хонаҳои худ гурехтаанд. Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон бар асоси иттилоъоти ҳукуматҳои Гурҷистону Русия шумораи фирориёнро назар ба рӯзҳои гузашта бештар эълом кард. Антонио Гутеррес - раҳбари муассисаи мазкур, ҳафтаи оянда ба Гурҷистон сафар карда ва баъди се ва ё чаҳор рӯз ба Маскав меравад.