Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раиси IFC аз Тоҷикистон


Раиси Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) Ларс Таннел барои нахустин бор вориди Тоҷикистон шуд. Интизор меравад, тайи ду рӯзи сафар вай бо намояндагони олирутбаи Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳури ин кишвар, дидор ва гуфтугӯ анҷом диҳад.

Гуфта мешавад, намояндагии Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ аз соли 2000-ум инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва ҳарсола бо маблағи то ду миллион доллар лоиҳаҳои мухталифро дар бахшҳои тиҷорат, ҳуқуқ ва ҳамчунин соҳаи кишоварзӣ, амалӣ месозад. Тайи ин муддат ин ниҳоди байнулмилалӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 55 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG