Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ВР фаъолияти лӯлаи нафтро қатъ кард


Ширкати азими энержии ВР мегӯяд, фаъолияти лӯлаи нафтиашро, ки аз хоки Гурҷистон убур мекунад, қатъ кардааст. Аммо мегӯяд ин ширкат, ки ҳеҷ иттилое роҷеъ ба бомборон шудани ин хати нафтӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои русӣ надорад. ВР мегӯяд, ки лӯлаи нафте, ки аз Бокуи Озарбойҷон ва соҳилҳои Баҳри Сиёҳи Гурҷистон кашида шудааст, то як муддат ғайрифаъол боқӣ мемонад ва чунин тадбир ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаи номатлуб гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG