Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати қудратҳои иқтисодӣ аз Русия


Ҳафт қудрати пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон аз Русия хостанд, то созиши оташбаси фаврӣ бо Гурҷистон пазируфта ва ба музокироти байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли бӯҳрони Осетияи Ҷанубӣ мувофиқат намояд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико имрӯз аз қавли вазирони кишварҳои Ҷи 7 гуфт, онҳо зимни як гуфтугӯи телефонии якҷоя, тарафдории худ аз роҳи ҳалли мусолиматомези низоъро эълом доштаанд. Онҳо ҳамчунин аз талошҳои байналмилалӣ бо сарпарастии Бернард Кушнер - вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳимоят кардаанд. Вазири умури хориҷаи Фаронса бо Михайил Саакашвилӣ мулоқот дошт ва ба гуфтаи ӯ раиси ҷумҳури Гурҷистон қариб тамоми пешниҳодоти Фаронса барои хотима додан ба низоъ бо Русияро пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG