Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати гаравгонону ҷангҷӯён дар Урузгон


Нерӯҳои эътилофи зиддитерористӣ ба раҳбарии Амрико мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон, 25 ҷангҷӯ ва ҳашт гаравгони ғайринизомии онҳо ба ҳалокат расиданд. Ҷанги ду тараф баъд аз он шурӯъ шудааст, ки тундравон аз дохили чанд қароргоҳи худ ба сарбозони эътилоф ҳамла кардаанд. Дар ҷараёни ин набард, ки рӯзи якшанбе дар ноҳияи Хоши вилояти Урузгон ба вуқӯъ пайвастааст, се фарди бегуноҳи дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG