Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушнер бо Саакашвилӣ ва Медведев музокирот мекунад


Бернар Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса ба хотири миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъ миёни Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ бегаҳи дирӯз вориди Тифлис шуд. Фаронса алҳол раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Гуфта мешавад, ки Кушнер бо раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвили музокирот анҷом хоҳад дод. Баробари вуруди Тифлис шудан вазири хориҷаи Фаронса аз ҳама ҷонибҳои вориди низоъ даъват кард, ки ба амалиёти низомӣ хотима гузоранд. Имрӯз Бернар Кушнер вориди Маскав мешавад ва бӯҳрон дар Осетияи Ҷанубиро бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG