Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Тифлис пуштибонӣ мекунад


Дик Чейнӣ, муовини раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки "амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон набояд бидуни посух бимонад". Ин изҳороти Чейнӣ рӯзи якшанбе ба думболи сӯҳбати телефонии ӯ бо Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон пахш гардид. Ба иттилоъи дафтари муовини раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Дик Чейнӣ ҳамдилии Амрико бо мардуми гурҷиро дар рӯ ба рӯи, тавре дар изҳорот гуфта шудааст, "таҳдид ба истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон" баён кардаст.

Аз ин пеш сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Залмай Халилзод зимни суханронӣ дар Шӯрои Амният ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳо ба Гурҷистон ва сарпечӣ аз ҷустуҷӯи роҳи мусолиматомези бӯҳрон, Русия дар робитаҳояш бо ИМА ва ҷомеъаи байналмилалӣ ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG