Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи интиқоли нафти озарӣ аз бандарҳои Гурҷистон


Озарбойҷон гуфт, ки бо сабаби даргириҳои миёни нирӯҳои Русия ва Гурҷистон интиқоли нафт тавассути бандарҳои обии Гурҷистон дар Батумӣ ва Кулевӣ қатъ шудааст. Равнақ Абдуллоев, раҳбари ширкати давлатии нафти Озарбойҷон изҳороти худро тавассути телевизиони маҳаллӣ пахш кард. Озарбойҷон аз соҳилҳои баҳрии Русия ва ё Гурҷистон барои интиқоли нафташ ба хориҷа истифода мекунад. Дар таҳаввулоти дигар гуфта мешавад, ки рӯзи якшанбе ҳавопаймоҳои русӣ назорати ҳавоиро аз болои хати интиқоли лӯлаи нафти Боку-Тифлис-Ҷайҳун анҷом доданд. Қисмати аъзами ин лӯла тавассути хоки Гурҷистон убур мекунад ва тибқи гузоришҳо, ин хат тахриб надидааст.
XS
SM
MD
LG