Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба мусолиҳаи тарафҳои даргир


Намое аз телевизион -- сӯхтор дар Схинволӣ.
Намое аз телевизион -- сӯхтор дар Схинволӣ.

Сарони ҷаҳон бо ҳарос аз эҳтимоли ҷанги густарда миёни Русия ва Гурҷистон даъват карданд, хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ билофосила қатъ гардад.

Изҳороти онҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки Гурҷистон ба сарони ҷаҳон муроҷиат кардааст, то Маскавро аз "таҷовузи мустақими ҳарбӣ" ба қаламрави ҷудоихоҳи Гурҷистон, боздоранд.

Вазири умури хориҷии Гурҷистон Екатерине Ткешелашвилӣ мегӯяд, Тифлис ба сарони ҷаҳон муроҷиат мекунад, то ба Маскав барои қатъи, ба гуфтаи ӯ, таҷовузи мустақими ҳарбӣ" ба қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла бомбаборони майдони парвоз дар наздикии Тифлис хотима гузорад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳури Гурҷистон,

Сухангӯи Кохи Сафед, Гордон Ҷондро, ки ҳамроҳи президент Ҷорҷ Даблю Буш дар Пекин мебошад, гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳамаи тарафҳо қатъи хушунат ва гуфтушунидҳои мустақими ҳалли сулҳомези масъаларо тақозо кардааст.

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер ба ҳарду тараф муроҷиат кард, фавран аз даргириҳои мусаллаҳона даст кашанд ва ба гуфтушуниди рӯбарӯ гузаранд.


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун низ ба ин даъватҳо ҳамсадо шуд ва аз тарафҳо хост аз ҳама гуна амъоли таҳрикдиҳанда худдорӣ кунанд. Чунин даъватҳо аз Фаронса, Олмон, Туркия низ садо доданд.

Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх даъват кард, ки дар Осетияи ҷанубӣ як долони башарӣ боз шавад то ба мошинҳои тиббӣ имкон диҳад, захмиёнро ба ҷои амн бикӯчонанд. Гурҷистон се соат мӯҳлат дод, то аҳолии осоишта аз маҳали даргириҳо ихроҷ шавад.

Арманистон, Молдова ва Озарбойҷон дар баёнияҳои расмие аз ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ изҳори таассуф карданд ва аз тарафҳо хостанд, мушкилоти мавҷударо бо василаи музокирот ва тафоҳум ҳал кунанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон Хазар Иброҳимов гуфт, кишвараш аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад, аммо барқарории ин тамомият бояд бо риояи меъёр ва усули байнулмилалӣ ба даст ояд.

Ноиби раиси порлумони Молдова Юрий Роска авзоъ дар Гурҷистонро иғвое номид, ки бояд аз узвияти комили Гурҷистон дапр НАТО пешгирӣ кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Арманистон, Тигрон Бадалиён гуфт, кишвараш аз авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ шадидан нигарон аст, аммо умед дорад, тарафҳо ҳарчи зудтар рӯ ба ҳалли осоиштаи низоъ оваранд.

Сарвазири Русия Владимир Путин ва президент Дмитрий Медведев, ҳарду таҳдид карданд, ки бар ҳамлаи нерӯҳои гурҷӣ посух хоҳанд дод, зеро дар ин минтақа хуни шаҳрвандони Русия мерезад.

Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ дар ҳамин ҳол ба сафарбарии сартосарии нерӯҳои ҳарбӣ дар кишвараш даъват кардааст.

Раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ, Эдуард Кокойтӣ мегӯяд, дар ҷангҳои Схинволӣ "садҳо" нафар аз аҳолии осоишта кушта шудаанд.

Дар ин байн фармондеҳи баландпояи Русия мегӯяд, дар ҷараёни ҷангҳо дар Схинволӣ, пойтахти Осетияи ҷанубӣ, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, зиёда аз 10 сарбози рус аз нерӯҳои посдори сулҳ кушта шудаанд. Ноиби фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, Игор Конашенков, гуфт, посдорони сулҳ, дар натиҷаи зарбаи тӯпхонаи нерӯҳои гурҷӣ кушта шудаанд.

Вай афзуд, 30 сарбози дигар захмӣ гаштаанд. Дар Осетияи ҷанубӣ Русия наздик ба дуним ҳазор сарбоз дорад, ки онҳоро посдорони сул мешуморад. Ин изҳороти фармондеҳи рус ғайри қобили санҷиш ва тасдиқ аст.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев хостори баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти ин кишвар шуд, то даргириҳои шаби гузашта миёни Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунад. Русия аз талошҳои Осетияи Ҷанубӣ ба мухторияти васеътар пуштибонӣ мекунад, вале ба хабарҳои охирин нерӯҳои Гурҷистон субҳи имрӯз ба ҳумаи Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ расидаанд.

Ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти Русия дар ҳоле ифтитоҳ меёбад, ки Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ҳавопаймоҳои Русия бо нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ чанд бомба партофтаанд.

XS
SM
MD
LG