Салтанат Қарокӯзова, сухангӯи идораи корҳои дохилии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ изҳор кард, ки яке аз ин ҷинояти мудҳиш,яъне, куштор буда он моҳи гузашта содир шудааст. Ба гуфтаи вай, аввали моҳи июл дар соҳили обанбори Чордара ҷасади нимасӯхта ва осори захми корд доштаи марде пайдо карда шуд. Дере нагузашта, бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор корманди идораи корҳои дохилии ноҳияи Сариағоч боздошт мегардад. Дар натиҷаи тафтишот рӯшан шуд, ки корманди пулис бо ҳамсинфи собиқаш шаҳрванди Тарозро, ки барои мошинфурӯшӣ ба Чимканд омада будааст, буғӣ карда, баъд ӯро оташ задааст. Ҳадаф аз ин куштор соҳиб шудан ба мошини хориҷӣ будааст. Алъон корманди пулис ба ҷинояти содиркардааш иқрор шудааст.
Хонум Карокӯзова таъкид кард, аз ҷумла даҳ ҷинояти марбут ба фасод, ки кормандони пулис содир кардаанд, низ ошкор карда шудааст ва ҳамаи ин дар натиҷаи кӯшиши зиёди кормандони бахши амнияти дохилии идораи корҳои дохилии вилоят муяссар гардидааст.
Вале ба андешаи коршиносон, аз ҷумла Евгений Жовтис, сарвари бахши байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, ҳарчанд ин арқом ба андозае фаъолияти кормандони пулис барои ошкор кардани ҷиноёти ҳампешагонашонро нишон диҳад, аз сӯи дигар он баёнгари ҳамаи ҷиноёти содиркардаи онҳо нест. Оқои Жовтис мегӯяд, ки ин рақам ба истилоҳ қатрае аз баҳр аст ва ҳар рӯз кормандони пулис дар Қазоқистон даҳҳо ҷиноёте содир мекунанд, ки ағлабашон ошкор намегарданд. Ба ҷумлаи чунин ҷиноёт аз ҳама бештар сӯистифода аз мансаб,ришваситонӣ, латту кӯби боздоштшуда ҳангоми бозпурсӣ, таҳдид, ҳамдастӣ бо ҷинояткорон, ба вижа бо қочоқбарони маводи мухаддир ва ғайра, шомил мешаванд.
Оқои Жовтис дар ин робита ҳамчунин меафзояд, ҳар сол аз 5 то 6 ҳазор кас ба дафтари онҳо шикоят мебаранд, ки ағлаби онон норизоӣ аз фаъолияти кормандони ниҳодҳои интизомӣ, додгустарӣ ва додгоҳ аст. Ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки бар илова тақрибан дар ҳамаи ин шикоятҳо нишонаҳои зери по кардани қонун аз ҷониби намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ба мушоҳида марасанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Қазоқистон намояндагони дигар ниҳодҳо, аз ҷумла кормандони амният низ ба ҷиноятҳои мудҳиш аз қабили куштор даст задаанд. Аз ҷумла ду сол қабл Олтинбек Сарсенбоев, яке аз лидерони мухолифин ва ду ёвари ӯ низ аз ҷониби кормандони яке аз бахшҳои кумитаи амнияти миллии кишвар рабуда баъд ба қатл расонида шуда буданд. Баъдан ҳамаи ашхоси дар ин ҷинояти мудҳиш дастдошта ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шуда буданд.
Музди меҳнат дар Тоҷикистон боз боло рафтааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки ҳукумат “шукрона”-и онҳоро ба инобат намегирад ва бо вуҷуди арзонӣ дар бозор музди меҳнатро ба маротиб боло бурдаанд. Як манбаъ дар агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо шарти зикр нашуди номаш дар ҷавоби катбӣ ба мо гуфт, ки дигар мансабдорон даст ба коррупсия намезананд ва пули буҷети давлатӣ самаранок истифода мешавад. Манбаъи дигари мо дар кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ телефонӣ тасдиқ кард, ки мансабдорони тоҷик худотарс шудаанд ва аз даст задан ба ришваситонӣ худдорӣ мекунанд. Коршиносон якбора боло рафтани музди меҳнат дар Тоҷикистонро ба “шукр”-и зиёд гуфтани сокинон рабт медиҳанд.

Гандуму дону ғалла, орду сабӯсу палла, Хоку замину пору, обу каланду салла! Халқи тайёрахӯри мо ҳамеша дастнигари дигаронем. Замин дар ихтиёр, оби мусаффои фаровон, “вроде” мардуми заҳматкашу деҳқон дорем, ҳанӯз ҳам аз камбуди гандуму қимматии орд азият мекашем. Оё гандумкорӣ ҳам “терроризм” аст? Оё деҳқонӣ “сепаратизм” аст?
"Озоди" ба чотон ман шарм доштум - "рУстанипарвари" :)
Statistikai hukumat ham az dasti fassodkoriash shubhanok ast!