Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё П. Мушаррафро импичмент интизор аст?


П. Мушарраф: "Маро чи интизор аст?"
П. Мушарраф: "Маро чи интизор аст?"

Эътилофи ҳокими Покистон мувофиқат кардааст, ки масъалаи барканорсозии президенти ин кишварро мавриди баҳс қарор диҳад.

Аз эҳтимол дур нест, ки ин иқдом бесуботии сиёсии Покистонро боз ҳам амиқтар намояд.
Нооромии сиёсии Покистон ба бозорҳои ин кишвар таъсири манфӣ гузошта, қурби рупия ё худ колдори покистонӣ, пули миллии кишварро, ба қадри қобили мулоҳиза поин бурдааст. Як мансабдори баландпояи ҳизби ҳоким мегӯяд: "Усулан, мо ба оғози маъракаи импичмент ва ё барканорсозии Мушарраф аз курсии рaёсатҷумҳурӣ мувофиқат кардем".
Ба гуфти ин узви фаъъоли ҳизби собиқ сарвазири мафқуди Покистон Беназир Бҳутто, ҳафтаи оянда ҷаласаи Маҷлиси поёнии Парламенти Покистон барои арзёбии эътимод ба Мушарраф даъват хоҳад шуд.
Баъди нашри ин иттилоъ Вазорати корҳои хориҷии Покистон эълом дошт, ки ҷиҳати ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Пекин на президент Парвиз Мушарраф, балки сарвазир Юсуф Ризо Гелонӣ хоҳад рафт.
Хабаргузориҳои ғарбӣ навиштаанд, ки, агар муттафиқи ИМА дар ҷанг бо терроризм генерал Мушарраф барканоршавиашро ба оромӣ қабул накунад, ин иқдом метавонад ин кишвари исломии дорои аслиҳаи ҳастаиро дар вазъи боз ҳам ногувортар гузорад.
Ба қавли коршиносон, дар масъалаи барканоршавии Мушарраф аз қудрат мавқеъи ҳалкунандаро низомиён хоҳанд бозид. То кунун онҳо аз Мушарраф пуштибонӣ кардаанд.
Рӯзи панҷшанбе дар пойгоҳи шаҳри Равалпиндӣ ҷамъомади фармондеҳони артиши Покистон баргузор гашт, вале низомиён изҳор намуданд, ки ин як нишасти одӣ будааст.
Баъди нокомии муттафиқони президент дар интихоботи порлумонии моҳи феврал пешниҳоди барканоршавии президент Мушарраф зиёд садо додааст, вале то кунун президенти Покистон ин пешниҳодҳоро рад мекунад.
Рӯзи сешанбе Осиф Алӣ Зардорӣ, раҳбари ҳизби ҳоким, ҳамроҳ бо Навоз Шариф ва дигар аъзои эътилофи раҳбари Покистон сарнавишти Мушаррафро баҳс карданд. Дар гузашта Парвиз Мушарраф борҳо гуфтааст, ки, агар бар муқобили ӯ маъаракаи, ба истилоҳ, "импичмент" роҳандозӣ шавад, ӯ худ ба истеъфо хоҳад рафт.
Ёвари Навоз Шариф ба Парвиз Мушарраф ҳушдор додааст, ки дар пайи пароканда намудани ҳукумату парламент нашавад. Эҳсон Иқбол гуфт, ки нерӯҳои демократӣ ба ин иқдоми Мушарраф мушатаракан мухолифат хоҳанд кард.
Тибқи қонунҳои Покистон, барои барканор намудани президенти кишвар дастгирии аз се ду ҳиссаи вакилони мардумии Маҷмаъи миллӣ ва Сенат зарур аст. Агар чунин иқдом амалӣ гардад, президент Мушарраф аввалин президенти барканоршудаи Покистон хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур Парвез Мушарраф, ки мебоист рӯзи панҷшанбе ба Чин сафар кунад, бори дувум сафарашро ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG