Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафни Солженитсин дар дайри Донской


Александр Солженитсин, нависандаи маъруфи русро имрӯз дар дайри Донскойи шаҳри Маскав дафн карданд. Дар поёни маросими дафн, ки дар он раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳузур дошт, гвардияи фахрӣ се маротиба ба осмон тир андохт. Маросими сӯгвории Александр Солженитсин субҳи имрӯз бо ширкати садҳо нафар дар дайри Донской баргузор шуд. Александр Солженитсин, ки зиндагии машаққатбор дар зиндонҳои шӯравии собиқро тасвир карда ва 20 сол дар ғурбат ба сар бурдааст, рӯзи якшанбе 3-уми август бар асари бемории дил ва дар синнӣ 89 солагӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG