Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Русия бо Солженитсин видоъ мекунад


Александр Солженитсин, адиби маъруфи рус ва барандаи ҷоизаи Нобел имрӯз дар оромгоҳи калисои Дони Маскав макони охират пайдо хоҳад кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия рухсатии худро қатъ карда барои ширкат дар маросими видоъ ба Маскав бармегардад.

Дирӯз садҳо алоқамадони осори адиб, маҳбусони зиндонҳои сталинӣ ва сиёсамадорон, аз ҷумла, сарвазири Русия Владимир Путин, президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв бо Александр Солженитсин видоъ карданд. Тобути нависанда дар бинои Фарҳангистони улуми Русия гузошта шуда буд. Александр Солженитсин, яке аз муборизон алайҳи режими коммунистӣ ва муаллифи қиссаву романҳои пурсару садо - “Як рӯзи Иван Денисович”, “Архипелаг ГУЛАГ”, “Чархи Сурх”, “Чаҳордаҳуми август” ду рӯз пеш бар асари маризии дил дар синни 90-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Маскав аз дунё даргузашт.

XS
SM
MD
LG