Собиқ президенти Русия Владимир Путин соли 2007-умро "Соли Забони русӣ" унвон дода буд. Пажӯҳишгарони маркази омӯзиши афкори умум бо номи GALLUP таъкид мекунанд, ки ин эъломияи рамзӣ набуд. Зеро аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ба ин тараф шумораи мардуме, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд, коҳиш меёбад.
Пажӯҳиши GALLUP собит намудааст, ки дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ба хусус Гурҷистон, Молдова ва Арманистон таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русӣ афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир забони русӣ дар рӯйхати 10 забони серистифодаи олам ҷойгир мебошад. Вале баъзе коршиносон таъкид мекунанд, ки шумораи мардуми русзабон рӯ ба коҳиш аст.
Дар аксари кишварҳои Аврупои марказиву шарқӣ русиро ҳамчун забони иҷбории давраи коммунистӣ дар ёд доранд. Дар тамоми давраи баъди шӯравӣ Маскав русиро забони муомилаиву эътимод, забони адабиёти бузург ва илми ҷаҳонӣ меномад, вале мухолифин онро забони мустамликадорони собиқ унвон дода, омӯзиши забонҳои модариро тарҷеҳ медиҳанд.
Сарфи назар аз ихтилофҳои Русияву Гурҷистон соли 2007-ум тақрибан 65 дарсади пурсидашудагон гуфтанд, ки донистани забони русӣ барои кӯдакони гурҷӣ аҳамияти бузург дорад. Соли 2006-ум 43 дарсади пурсидашудагон ба аҳамияти донистани забони русӣ ишора карда буданд. Соли 2007-ум қабл аз пажӯҳиши GALLUP сафорати Русия дар Гурҷистон иброз дошт, ки мехоҳад дар ин кишвар курсҳои омӯзиши забони русӣ ташкил намояд, то ҷавонони гурҷиро ба донистани ин забон ташвиқ намояд.
Дар Молдова дар фосилаи як сол, яъне миёни 2006-ум ва 2007-ум шумораи тарафдорони омӯзиши забони русӣ аз 27 то ба 39 дарсад афзоиш ёфт. Ба навиштаи пажӯҳишгарони GALLUP эҳтимол ин афзоиш бо манъ ва сипас иҷозати содироти шаробҳои Молдова ба Русия иртибот дошта бошад, ки ба вазъи иқтисоди ин кишвари камбизоати собиқ Шӯравӣ таъсири бад гузоштааст.
Дар давоми ду соли пажӯҳиш тахминан аз чор се ҳиссаи мусоҳибони арманӣ ба GALLUP гуфтаанд, ки кӯдакони арманӣ бояд ба забони русӣ сӯҳбат кунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 95 дарсади пурсидашудагон дархост намуданд, ки мусоҳибаашон ба забони арманӣ сурат гирад, на ба забони русӣ. Фақат дар Украина, Қазоқистон ва Беларус аксари ҳамсӯҳбатҳои GALLUP аз баргузории мусоҳиба бо забони русӣ пуштибонӣ кардаанд. Аммо дар кишварҳои дигар ҳамсӯҳбатҳои GALLUP тақозо кардаанд, ки сӯҳбат бо онҳо ба забони маҳаллӣ барпо шавад.
Дар давраи баъди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ талош доранд, то истифодаи забонҳои худашонро ташвиқу тарғиб намоянд. Дар Тоҷикистон 19 сол инҷониб тоҷикӣ забони давлатист ва имсол дар ин кишвар соли забон эълон шудааст. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шореҳи тоҷик Раҷаби Мирзо иброз дошт, ки мутаассифона ҳоло дар Тоҷикистон донистани забонҳои хориҷӣ суд меорад: "Имрӯз мардуми зиёд зами омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба вижа англисиву русӣ кардаанд. Ба хотири он, ки бо донистани ин забонҳо онҳо метавонанд сатҳи иҷтимоиву иқтисодии худро беҳбуд бахшанд."
Ташкилкунандагони "Соли забони русӣ" саъй намуданд, ки ин забон мақоми забони Достоевскийро касб кунад. Вале бар пояи омори расмӣ аз замони фурӯпошии Шӯравӣ ба ин тараф қаламрави истифодаи забони русӣ коҳиш меёбад. Ин забон фақат дар се кишвари собиқ Шӯравӣ: Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мақоми давлатӣ дорад. Дар се кишвари дигар Молдова, Украина ва Тоҷикистон русӣ забони муомилаи байнулмилалӣ унвон гирифтааст.
Ҳар миллату давлат аробаи худашро ба пеш барад. Вақте модару зану хоҳари моро дар ҷумҳурӣ сатру ҳиҷоб аз сар мекашанд ҳама хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Афғонистону толибон чи тавре мехоҳанд ҳукмрони мекунанд ва ҳақ доранд. Шумо давлати демократӣ ва дунявӣ доред аммо ҳуқуқи башарро риоя намекунед. Шарм надошта боз эрод мегиред. Шукр,ки занҳои афғон иҷозат доранд ба қош чидану миҷа сиёҳ кардан. Ба фронти халқи гуфтаниям,ки он зулму хорию ваҳшате,ки бар сари ин миллат оварди дар сад соли охир ягон душман наоварда буд. Тебя и твоих фронтовиков только могила исправит. Вам гореть в аду за то беззакония, которые творили против безоружных людей. Лучше промолчи!
ХОҲАРИ АРҶМАНДУ АЗИЗ БИХОНЕД: Куввати Магриб на аз чангу рубоб, Не зи ракси духтарони бе хичоб. Не зи сехри сохирони лоларуст, Не зи урёнсоку не аз катъи муст. Махкамии у на аз лодини аст, Не фуругаш аз хати лотини аст. Куввати Магриб аз илму фан аст, В аз хамин оташ чарогаш рушан аст. Хикмат аз катъу буриди чома нест, Монеи илму хунар аммома нест. Илму фанро эй чавони шуху шанг, Магз мебояд на малбуси Фаранг.
Ахсан хохарам!! Барои баъзехо иффату покдомани нишонаи акибмондаги, ва бешармию бехаеи ин пешрафт ва таркккиет аст. (Метавонед ба намоишхои псевдоблогерхои точик (духтарон) як назар андозед, дашномхое мекунад Ки мардро шарм меояд).
Хохари азиз, хак мегуед, фронти халки аз каллаи мардум камтар дур рафт, лекин дар каллаи рахмониву ятимову рахимову буздилов побарчост. бечорахо аз тарс дигар намедонанд, чи кор кунанд?
Байрақи Ғуломӣ муборак бод, шаҳрванд! Бин аз даст наафтад, ки хуни ғуломит намебахшад.