Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи фаъолияти «Mercy Corps» дар Тоҷикистон


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бар асоси шикояти вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти дафтари созмони амрикоии «Mercy Corps», ё худ «Сипоҳи шафқат» дар Тоҷикистонро муттаваққиф кардааст. Ба гуфтаи як масъули вазорати адлия, ин созмон тафтиши фаъолияташро ба маъмурони вазорат иҷозат надодааст, ки мухолифи муқаррароти омада дар қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятист.

Аммо Бренти Вестерман, мудири «Mercy Corps» дар Тоҷикистон мегӯяд: «Танҳо чизе, ки метавонам бигӯям, ин аст, ки таййи фаъолияти худ мо ҳамеша аз қавонини Тоҷикистон муроъот кардаем ва дар ин муддат аз муқаррароти ойинномавии худ фаротар нарафтаем».

Бренти Вестерман, мудири дафтари «Mercy Corps». “Сипоҳи шафқат” аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекард.

Танҳо дар соли равон дар Тоҷикистон фаъолияти боз 2 созмони дигари имдодӣ - “Ора Интернешнал”-и Фаронса ва “Алянс Мишн”-и Олмон ба далели даст задан ба таблиғоти мазҳабӣ ва нақзи муқаррарот муттаваққиф шудааст.

XS
SM
MD
LG