Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмаднажод мегӯяд, Эрон ақибнишинӣ нахоҳад кард


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, эълом дошт, кишвараш дар баҳс бо қудратҳои ҷаҳонӣ рӯи барномаи ҳастаии Эрон як қадам ҳам ақиб нахоҳад нишаст. Изҳороти Аҳмадинажод дар сомонаи интернетии раёсатҷумҳурии Эрон нашр шуда, бо поёни мӯҳлати посухи Теҳрон ба пешниҳодҳои шашгонаи байнулмилалӣ дуруст омад. Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо изофаи Олмон ба Эрон пешниҳодҳои ҳавасмандонае кардаанд, то аз ғанисозии ураниюм даст бардорад.
XS
SM
MD
LG