Сухангӯи яке аз раҳбарони аршади Толибон дар Покистон хабари расонаҳои амрикоиро, ки сарвари дувуми ал-Қоъида, Айман ал-Завоҳирӣ мумкин аст, аз зарбаи мушак кушта шудааст, рад кард. Шабакаи телевзионии Си-Би-Эс мегӯяд, нусхаи мактуберо аз як манбаъи ифшонашуда дар Покистон ба даст овардааст, ки дар он дархост мешавад, "дардҳои шадид" ва "захмҳои расида"-и ал-Завоҳирӣ ҷиддан муолиҷа шаванд. Мавлавӣ Умар сухангӯи раҳбари Толибон, Байтуллоҳ Масъуд ин хабарро рад кардааст. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, дар бораи зарбаи ҳавоии рӯзи душанбе дар Вазиристони Ҷанубӣ иттилоъ надоранд.