Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркия нафаси сабук кашид


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки ҳизбаш аз хатар наҷот ёфт, ваъда дод, ки ба низоми дунёвии Туркия содиқ мемонад. Субҳи рӯзи чаҳоршанбе Додгоҳи Қонуни Асосӣ талаби додситонӣ барои мамнӯъ кардани фаъолияти Ҳизби Адолат ва Тавсиаро рад кард. Ба иддаъои додситонӣ, ҳизби мазкур арзишҳои низоми дунёвии Туркияро таҳти суол қарор додааст. Додгоҳ амр дод то кӯмакҳои давлатӣ ба ҳизби мазкур кам карда шавад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ҳукми додгоҳ дар мавриди ҳизб, “демукросӣ ва волоияти қонунро” дар кишвараш тақвият хоҳад бахшид.
XS
SM
MD
LG