Яке аз вакилонои Караҷич, Светозар Вуячич аз посухи рӯйирост ба пурсиши хабарнигорон гурехт ва инро низ бахше аз шеваи ҳимояти ҳуқуқии Караҷич номид: "Ман ба шумо гуфта наметавонам, аз куҷо, кай ё чӣ хел ман номаро фиристодам. Ин ҳам стратегияи дифоъист, зеро агар ман ба шумо мегуфтам, ки кай ва аз кадом идораи пуст ман номаро равон кардам, мутмаъинан дархост шаби ҷумъа рад мешуд ва субҳи дигараш Радован ба Ҳейг мерасид."
Вуячич афзуд, ҳайати додварон танҳо замоне дар мавриди дархости мо тасмимгирӣ карда метавонад, ки санади ирсоли онро низ бигирад. Вале сухангӯи додгоҳи Белград гуфт, агар нома дар мӯҳлати қобили фаҳм ба додгоҳ нарасад, додварон бе он низ тасмимашонро хоҳанд гирифт.
Радди дархостнома ба Вазорати адлия имкон медиҳад, истирдоди Караҷичро ба Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Югославии собиқ таъмин намояд. Дар ин додгоҳ Караҷич бо иттиҳомоти наслкушӣ ва ҷиноятҳои зидди башар дар робита ба гулӯлаборони солҳои 1992-96-и Сараево ва қатлиоми соли 1995-и Сребренитса рӯбарӯ хоҳад шуд.
Вакил Вуячич бовар дорад, ки ҳайати додварон кайҳо тасмимашро гирифтааст: "Ҳамаи эҳтимолҳо ҳаст. Вақте онҳо ба шумо хоҳанд гуфт, ки дархостнома расид, инро ҳам хоҳанд гуфт, он рад шуд."
Сухангӯи Додгоҳи Ҳейг гуфт, додгоҳ интизори интиқоли Караҷич аст ва омодааст, ӯро дар боздоштгоҳи худ ҷой диҳад.
Дар ин байн Ҳизби радикали серб тарафдорони Караҷичро бо автобусҳо ба пойтахт мекашонад, то онҳо дар як намоиши эътирозӣ ширкат кунанд. Дар аввалин лаҳзаҳои оғози ин ҳамоиш бисёриҳо изҳори ҳарос мекарданд, ки ин раҳпаймоӣ ба хушунат ва зӯровариҳо сабаб хоҳад гашт. Айнин чунин хушунатҳо дар моҳи феврал, баъд аз шинохти истиқлолияти Косово аз тарафи Ғарб ба вуқӯъ пайваста буд.
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21
Чаро ба хотири манфиати бародари як раиси собик манфиати хазорон шахрванд нодида гирифта мешавад? Ин мардум кучо раванд? Аз ки додхохи кунанд?
Порахури ва мансабфуруши чунин натича медихад. Инхо вакте вазифаро пул дода мехаранд дигар на зури прокурор, на зури пешво, на зури Рустаи дигар зури касе ба инхо намерасад
Честь имею, гапи дустдоштаи Мамадбокир хозир дар расонахо пахн шудааст. Афсус, ин честь ро мардуми зебои точик фаромуш кардаанд. то ба кай гуломи? Аз хоби гарон, хоби гарони 30 сола хезет, мардакону занакон.
ман лозим шавад дар назди худаш исбот карда медихам ки барои хучат имзо кардан чи кадар аз ман маблаг талаб кардааст