Дар як мақолаи муфассал маҷаллаи британиявии "Economist" кӯшиш кардааст ба ин суол посух диҳад.
Вақте аз Майкл Гриффин раиси Идораи миллии кайҳонии ИМА ва ё НАСА пурсиданд, ки чиро ҳамчун тӯҳфа ба 50-умин солгарди таъсиси ин ниҳод диданд мехоҳад, ӯ гуфт: "Барои мо бузургтарин тӯҳфа дарки он хоҳад буд, ки ҳама чизро набояд бо пул ҳисоб кард".
NASA 29 июли соли 1958 дар паи парвози киштии Спутники Иттиҳоди Шӯравӣ ба кайҳон ташкил шуда буд. Баъди парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин ба кайҳон дар моҳи апрели соли 1961 аҳамияти NASA ба маротиб боло рафт. Дар ҷавоб ба парвози Гагарин президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ гуфт, ки кайҳоннавардони амрикоӣ бояд то охири солҳои шастуми асри 20 рӯи моҳ қадам гузоранд.
Солҳои шастуми қарни гузашта бо фармони президент Кеннедӣ 0,75% (аз чор се ҳиссаи як дар сади) даромади нохолиси миллии ИМА ба пажӯҳиши кайҳон масраф мешуд.
Гриффин мегӯяд, сабқат барои қадамгузорӣ дар моҳ на танҳо таҳқиқоти илмӣ, балки ҳамчунин мубориза ба хотири ифтихори миллӣ буд. Сабқати моҳ ҳамчун озмоиши қобили ҳаёт будани тарзи зиндагии озоди мо буд. Ба қавли Гриффин он замон хароҷот бузург буд, вале касе дар бораи фоидаи фаврӣ фикр намекард ва натиҷаи он то имрӯз эҳсос мешавад.
Муаллифи мақола дар маҷаллаи "Economist" менависад, шояд агар дар ҳамон давраҳо NASA баста мешуд, ба нафъи кор мебуд, вале идораи миллии кайҳонии ИМА бо мақсади наҷоташ барномаи истифодаи фазопаймоҳои омаду рафт ба ҷои мушакҳоро роҳандозӣ намуд. Вале ин барнома 100 миллиард доллар масраф ба дунбол дошт.
Соли 2004-ум президенти ИМА Ҷорҷ Буш боз ба барномаҳои кашфи кайҳон рӯ овард. Ӯ гуфт, ки ИМА бояд ба моҳ баргаршта, сипас озими Миррих гардад.
"Economist" хотирнишон мекунад, ки соли 1969 аҳли олам аз дидани кайҳоннавардони амрикоӣ Нейл Армстронг ва Баз Алдрин дар рӯи моҳ ба ҳайрат омада буд, вале имрӯз шабакаҳои интернетӣ дар олами виртуалӣ ё худ ҳар гуна қадамгузории хаёлиро танзим дода метавонанд ва эҳтимол қадамгузории инсон дар рӯи Миррих ба ғайр аз масрафи беҳудаи пул самарае дигаре ба бор наорад.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?