Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ҳукми эъдоми сарбозро тасдиқ кард


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳукми эъдоми як сарбози масъули куштор ва таҷовуз ба номусро тасдиқ кард.
Раисҷумҳури ИМА ба дархости низомиён пиромуни эъдоми сарбози қаторӣ Роналд Грей имзо гузошт. Охирин дафъа низомии ИМА дар соли 1961 эъдом шудааст.
Тибқи оинномаи адлияи низомии ИМА ҳукми эъдоми ҳар фарди низомӣ фақат баъди имзои президенти ин кишвар иҷро мешавад.
XS
SM
MD
LG