Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи мақомот ба варзишгарони тоҷик


Мақомоти Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон эълом карданд, ба варзишгароне, ки дар бозиҳои олимпии Пекин пирӯз мешаванд, ҷоизаҳои пулӣ хоҳанд дод. Ба гуфтаи намояндагони кумитаи олимпӣ, варзишгарони ғолиб мувофиқ ба нишони ба дастовардаашон аз 10 то 3 ҳазор доллар ҷоиза мегиранд. Ҳамчунин баъзе аз тоҷирони саховатманди тоҷик ваъда додаанд, ки ба ғолибон мошинҳои сабукрав ҳадя мекунанд. Қарор аст, имрӯз 29-уми июл Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо варзишгароне, ки ба бозиҳои олимпӣ мераванд, мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG