Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Карзай ва маводи мухаддир


Як корманди собиқи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфтааст, бархе аз мақомоти Афғонистон аз бо қочоқбарони маводи мухаддир онҳо ҳамкорӣ доранд.

Томас Швейх, ки моҳи гузашта аз мақоми масъули шӯъбаи мубориза алайҳи маводи мухаддири вазорати умури хориҷии Амрико истеъфо дод, дар ин бора дар мақолае дар рӯзномаи “New York Times” изҳори назар кардааст. Дар ин мақола муаллиф мегӯяд, душманони президент Ҳомид Карзай, аз ҷумлаи Толибон аз фоидаи фурӯши маводи мухаддир фаъолияти худро сармоягузорӣ мекунанд, вале дар айни ҳол баъзе аз ҷонибдорони Карзай низ аз фоидаи қочоқи маводи мухаддир манфиат мебардоранд.

Вай менависад, ки “олудагӣ ба фасоди маводи мухаддир то ба баландтарин мақомоти ҳукумат ҷой дорад”. Ба навиштаи Швейх, садҳо раҳбарони баландпояи пулис ва додрасони додгоҳҳо дар Афғонистон бо пули маводи мухаддир “харида” шудаанд. Вале Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар суханронияш дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул ин иддаоро рад кард. Вай гуфт: “Швейх корманди ниҳоди амрикоии мубориза алайҳи маводи мухаддир буд. Вай ҳукумати Амрико, Бритониё, ISAF ва ҳукумати Афғонистонро танқид кардааст. Дар тӯли се соли гузашта дар тақрибан 20 вилоят ва ё бештар аз он, ҳукумати Афғонистон кишти хашхошро комилан аз миён бурд. Ин муборизаи тӯлонӣ аст. Дар ду ё се сол тамом кардани он ғайриимкон мебошад”.

Оқои Карзай ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати вай тавонистааст садҳо қочоқчии маводи мухаддирро пушти панҷара шинонад. Ба таъкиди вай, “бидуни шубҳа бештари афғонҳо қочоқчии маводи мухаддиранд, аммо аксарияти онҳо ба гурӯҳҳои байнулмилалии ҷинояткор марбутанд, ки берун аз Афғонистон ба сар мебаранд”. Schweich дар матлаби худ дар аз мақомоти Пентагон ҳам интиқод кардааст.

Ба гуфтаи Швейх нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ширкат дар мубориза алайҳи маводи мухаддирро сарфи назар мекунанд. Ба навиштаи вай, “артиши Бритониё ҳатто назар ба нерӯҳои Амрико бештар мухолифи ширкат дар мубориза алайҳи маводи мухаддир мебошанд”. Кишти хашхош дар Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ босуръат густариш дорад ва дар ҳоли ҳозир 90 дарсади ҳероини ҷаҳон тавлиди Афғонистон будааст.

XS
SM
MD
LG