Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муҳими вазирон дар Душанбе


Интизор меравад, имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шавад. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин нишаст, дастури кори нишасти сарони кишварҳои узв, ки 3 рӯз баъд дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Вазорат мегӯяд, вазирони умури хориҷа ҳамчунин имрӯз якчанд санадеро барои имзо омода ва дар бораи авзоъи сиёсии ҷаҳон ва масоили амнияти минтақа гуфтугӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG