Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танбеҳи Иттиҳодияи Аврупо ба Булғористон


Кумиссиёни Аврупо, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо барои фасодкорӣ ва идораи нодуруст Булғористонро танбеҳ дода ва ихтисоси кӯмаки молии баробар ба садҳо миллионҳо евро барои ин кишварро мутавақиф кард. Йоҳаннес Лайтенбергер сухангӯи Кумиссиёни Аврупо рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Иттиҳодияи Аврупо, узви дигари худ Руминияро барои кори нокофиаш дар роҳи мубориза бо фасодкорӣ танқид намуд, вале аз эъмоли таҳримоти танбеҳӣ ба зидди он худдорӣ варзид. Булғористон ва Руминия аъзои нави хонаводаи Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, ки соли 2007 ба он пайвастанд.

XS
SM
MD
LG