Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес ба Русия барои харидории силоҳ омад


Имрӯз Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла бо сафари хидматӣ вориди Маскав шуд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти ӯ бо Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиву техникӣ баррасӣ шавад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, Дмитрий Медведев ва Уго Чавес асосан сари мавзӯъи ташкили бонк барои сармоягузории тарҳҳои муштарак тамаркуз хоҳанд кард. Венесуэла бузургтарин харидори силоҳи Русия дар Амрикои Лотин маҳсуб мешавад ва тибқи иттилоъи пешакӣ, зимни ин сафараш Уго Чавес мехоҳад 20 комплекси зидди ҳамлаи ҳавоии ТОР-М1 ва ТОР-М2Э, се ё чаҳор киштии зериобӣ, 12 ҳавопаймои боркаши ИЛ-76 ва ИЛ-78 ва 24 ҳавопаймои низомии СУ-ро харидорӣ кунад. Маблағи ин қарордодҳои хариду фурӯш тақрибан 2 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
Уго Чавес ҳамчунин ба Белорус, Португалия ва Испания сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG