Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон сафиронашро бармегардонад


Вазири хориҷаи Сербистон Вук Еремич барномаи баргардонидани сафирони Белград ба он кишварҳои аврупоиеро, ки Косоворо ба расмият шинохтаанд, эълон кард.

Еремич гуфт, ки ӯ дархости расмиаш ба ҳукумати Сербистонро ҳафтаи оянда ироа мекунад ва мунтазири қарори якдилона ва мусбати давлат аст.

Баъд аз эълони истиқлол кардани Косово дар моҳи феврал, 20 кишвари Аврупо истиқлолияти онро эътироф кардаанд. Сербистон дар посух сафирони худро аз ин кишварҳо фаро хонда буд. Аммо Сербистон то кунун дар мавриди баргардонидани сафирони худ ба кишварҳои ғайриаврупоие, чун Амрико ва Ҷопон, ки низ Косоворо ба расмият шинохтаанд, тасмим нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG