Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи Эрон барои рафъи бӯҳрони атомӣ


Музокиракунандаи аршади атомии Эрон Сайид Ҷалилӣ мегӯяд, Эрон дар идомаи музокирот доир ба барномаҳои атомиаш ҷиддӣ аст ва барои рафъи бӯҳрони он сари як “нақшаи роҳ” кор мекунад. Хабаргузории донишҷӯёни Эрон “ИСНА” аз қавли Сайид Ҷалилӣ навиштааст, ки вай мехоҳад, барои рафъи бӯҳрони атомии Эрон, музокирот муназзам идома кунад. Сайид Ҷалилӣ рӯзи шанбе, 19 июл бо сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Урупо Хавиер Солана ва намояндагони панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният бар изофаи Олмон мулоқот кард.
Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод музокирот дар шаҳри Женеваро “қадаме ба пеш” номид, аммо Хавиер Солана гуфт, ҷомеаи байналмилал ҳанӯз ҳам мунтазири посухии Эрон ба бастаи пешниҳодии қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки дар ивази он бастаи имтиёзҳо аз Эрон хоста шудааст, фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад.

XS
SM
MD
LG