Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 кушта ва 5 маҷруҳ дар Афғонистон


Нӯҳ пулиси афғон дар як даргирӣ дар ғарби Афғонистон ба иллати иштибоҳи сарбозон кушта шудаанд. Масъулони мақомоти вилояти Фараҳ мегӯянд, дар ҷараёни даргирӣ нимаи шаби гузашта дар ин вилоят маъмурони пулис ва сарбозони мутааллиқ ба нерӯҳои низомии НАТО якдигарро ба ҷойи афроди шӯришӣ гирифта ва ҳадафи гулӯла қарор додаанд. Сарбозони НАТО дар ин даргирӣ аз нерӯи ҳавоии НАТО дар Афғонистон кӯмак хостаанд ва дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ нӯҳ маъмури пулис кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG