Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз тарҳи Барак Обама барои хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз кишвараш истиқбол кард. Борак Обама, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ, эълом кардааст, ки пас аз 16 моҳ, вақте мақоми раёсатҷумҳуриро дар ихтиёр мегирад, сарбозонро аз Ироқ хориҷ мекунад. Обама ин изҳоротро дар гуфтугӯе бо ҳафтаномаи олмонии Der Speigel матраҳ кардааст. Интизор меравад, давлати нави Амрико моҳи январи соли 2009, пас аз поёни замоне ки Созмони милали муттаҳид барои ҳузури сарбозони байнулмилалӣ дар Ироқ таъйин кардааст, рӯйи кор ояд.