Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Багапш пешниҳоди Олмонро рад кард


Абхазистон пешниҳоди Олмон барои ҳалли низоъ миёни Гурҷистону Абхазистонро рад кард. Дар ин бора сарвари ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ Сергей Багапш баъд аз музокирот бо вазири умури хориҷаи Олмон Франк Валтер-Штайнмайер хабар дод. Ба гуфтаи Багапш, Абхазистон барои имзои созишномаи истифода накардани нерӯ розист, вале барои баррасии масоили марбут ба бозгашти паноҳандагон ва мақоми ҷумҳурӣ омода нест.

Вазири хориҷаи Олмон ба ҳайси миёнҷигар ва ба хотири ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъи миёни Гурҷистону Абхазистон вориди минтақа шудааст. Дирӯз ӯ бо раҳбарони Гурҷистон дидору гуфтугӯ дошт. Дар поёни сафар Франк Валтер-Штайнмайер мавзӯъи низоъи миёни Гурҷистону Абхазистонро дар Маскав бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG