Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекории густурда дар кишварҳои арабӣ


Созмони Арабии Кор мегӯяд, мизони бекорӣ дар кишварҳои арабӣ аз ҳама бадтар дар ҷаҳон аст. Дабири кулли Иттиҳодияи кишварҳои Арабӣ Амр Мӯсо гуфт, дар баъзе аз кишварҳои арабӣ мизони бекорӣ то 66 дар садро ташкил медиҳад ва ин баёнгари ноқисиҳо дар низоми маорифи ин кишварҳост, ки бояд барои ислоҳи он тадобири фаврӣ андешида шавад. Бар асоси гузориши тозаи Созмони Арабии Кор, сатҳи умумии бекорӣ дар кишварҳои арабӣ 14 дар садро ташкил медиҳад, яъне 17 миллион нафар аҳолии ин кишварҳо ҷойи кор надоштаанд.

XS
SM
MD
LG