Вазорати хориҷаи Амрико аз таъйид ё такзиби хабарҳо роҷеъ ба барномаҳои Вошингтон ҷиҳати барқарор кардани ҳузури дипломатиаш дар Теҳрон худдорӣ варзидааст.
Ин дар ҳолест, ки маъмурияти президент Ҷорҷ Буш аз чархиши қобили мулоҳизае дар сиёсаташ дар қиболи Эрон аломат дода, эълон кард, ки барои нахустин бор муъовини вазири хориҷаи Амрико рӯзи шанбе дар шаҳри Женеви Суис дар музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон ширкат меварзад.
Амрикову Эрон равобити дипломатиро баъд аз гаравгонгирии кормандони сафорати Вошингтон дар Теҳрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979 қатъ кардаанд.