Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Теҳрон намояндагӣ таъсис доданист?


Вазорати хориҷаи Амрико аз таъйид ё такзиби хабарҳо роҷеъ ба барномаҳои Вошингтон ҷиҳати барқарор кардани ҳузури дипломатиаш дар Теҳрон худдорӣ варзидааст.

Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” навишт, ки давлати Амрико дар моҳи оянда эълон хоҳад кард, ки дар Теҳрон як дафтари мудофеъи манофеъашро таъсис хоҳад дод, ки қадами аввал дар роҳи ифтитоҳи сафоратхона аст.

Ин дар ҳолест, ки маъмурияти президент Ҷорҷ Буш аз чархиши қобили мулоҳизае дар сиёсаташ дар қиболи Эрон аломат дода, эълон кард, ки барои нахустин бор муовини вазири хориҷаи Амрико рӯзи шанбе дар Женеви Суис дар музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон ширкат меварзад.

Амрикову Эрон равобити дипломатиро баъд аз гаравгонгирии кормандони сафорати Вошингтон дар Теҳрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979 қатъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG