Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули маҳбусон бо ҷасадҳои сарбозон


Созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷасади ду сарбози исроилиро дар ивази раҳоии асирон ва пайкарҳои тундравони лубнонӣ ба Исроил дод. Табодули асирону аҷсод баъд ду сол баъд аз ҷанги харобиовари 34 рӯза миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон сурат гирифт. Исроил пас аз гирифтани пайкари ду сарбозаш панҷ асири лубнониро ба Ҳизбуллоҳ баргардонд. Сарбозони исроилиро тундравони шиъамазҳаб дар як амалиёти фаромарзӣ дуздиданд, ки ин амал то ба ҷанги харобиовари соли 2006 миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ расонид. Ҳизбуллоҳ табодули бо миёнҷигарии Созмони Милал сурат гирифтаро пирӯзӣ унвон кард, аммо ин амал дар Исроил сабаби баҳсу ихтилофот шуд. Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ, шахсан дар маросими таҷлили раҳоии асирон дар ҳошияи шаҳри Бейрут ширкат кард.

XS
SM
MD
LG