Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия миёнарави Амрико ва Эрон хоҳад шуд


Вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ рӯзи ҷумъа дар Анкара бо мақомоти Туркия гуфтушунид хоҳад кард. Бо эълони ин хабар, вазири корҳои хориҷии Туркия, Алӣ Бобоҷон, гуфт, ин муколама дар ҳалли рӯёрӯйии Эрон бо Ғарб сари барномаи ҳастаии Теҳрон нақши калидӣ хоҳад дошт. Вай афзуд, масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар гуфтушуниди худи ӯ бо мушовири амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида, Стивен Ҳадлӣ рӯзи панҷшанбе низ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG