Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад аз пайомади сангини ҳамла ба Эрон ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ки бо сафаре дар Порис қарор дорад, гуфт, ҳар навъ ҳамлаи низомӣ ба Эрон ба далели барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии он кишвар пайомадҳои сангин хоҳад дошт. Асад ба Радиои Фаронса гуфт, ин ҳамла ба қимати Амрико ва ҳамаи сайёра тамом хоҳад шуд. Башор Асад гуфт, Сурия, ки бо Эрон равобити хуб дорад, бо дархости Фаронса ин мавзӯъи бӯҳрониро бо Теҳрон баҳс хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG