Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кураи тилоӣ" ба Дания рафт


“Кураи тилоӣ”, шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Карлови Варии Ҷумҳурии Чехро имсол филми “Хеле хушбахт”-и коргардони даниягӣ Ҳенрик Рубен Генз бурд.

Генз дар ин филм рӯзгори як маъмури пулисро, ки ба ҳайси муҷозот аз пойтахт ба як шаҳри музофотӣ эъзом шудааст, рӯи навор овардааст. Дар маҷмӯъ, имсол дар ҷашнвораи Карлови Вари 14 филм вориди сабқат шуда буд.

XS
SM
MD
LG