Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 1,2 миллион евро барои Косово


Куммиссиюни Аврупо мегӯяд, донорҳои байналмилалӣ ба хотири эъмори иқтисоди Косово ваъдаи 1 миллиарду 200 миллион евро, муодили тақрибан 2 миллиард доллар, кардаанд.

Як мақоми аршади ин ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар поёни кори анҷумани кӯмакрасонҳои Косово дар Бруксел гуфт, ин анҷуман ба комёбии бузург ноил шудааст.

Косово, ки бахши аъзами ҷамъияташро албаниҳо ташкил медиҳанд, истиқлолияташ аз Сербистонро дар моҳи феврали соли равон эълон кард.
XS
SM
MD
LG