Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истанбул дар ҷустуҷӯи ҳамлагарон ба сафорати ИМА


Полиси Туркия гузориш дод, ки чаҳор нафарро дар робита бо ҳамлаи дирӯза болои консулгарии Амрико дар Истамбул боздошт кардааст. Хабаргузориҳо ба нақли қавл аз вазири дохилии Туркия Басир Аталай навиштаанд, ки боздошти мазкур бахше аз талошҳои полис барои ошкорсозии қазияи оташкушоии се нафари мусаллаҳ ба ҷониби полис дар беруни консулгарӣ мебошад. Ҳамлагарон дирӯз қабл аз нобуд шуданашон се ходими полисро куштанд. Нафари чаҳоруми онҳо талош кардааст, савори мошине аз маҳалли ҳодиса фирор кунад, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин нафар дар миёни чаҳор тани имрӯз боздоштшуда қарор дорад ё на.
XS
SM
MD
LG