Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқу Туркия созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд


Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз созишномаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро бо мақомоти Ироқ ба имзо расонид. Эрдуғон нахустин раҳбари Туркия аст, ки баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн дар соли 2003 аз Бағдод дидан мекунад. Равобити миёни Туркияву Ироқ муддате бар сари масъалаи амалиёти артиши Туркия аз болои шӯришиёни курд дар шимоли Ироқ ба сардӣ гароида буд. Дар нишасти матбуотие баъд аз мулоқот бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ Эрдуғон гуфт, Туркия иҷоза нахоҳад дод, ки ҳизби коргарони Курдистон равобити ду кишварро заҳролуд созад.
XS
SM
MD
LG