Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тотал” ҳам аз Эрон рӯ гардонд


Мудири ширкати энержии Фаронса изҳор намуд, ки “Тотал” дар Эрон дигар сармоягузорӣ нахоҳад кард, зеро ин аз лиҳози сиёсӣ хатарзо аст. “Тотал” барнома дошт, ки дар коркарди манобеъи гози Форси Ҷанубӣ сармоягузорӣ кунад, вале раиси ширкат Кристоф Де Маржери гуфт, “Тотал” аз ин барнома даст мекашад. Изҳороти раиси ширкати “Тотал” дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни Эрон ва Амрикову Исроил ҳафтаҳост, ташаннуҷ идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, берунравии “Тотал” аз Эрон ба бахши энержии ин кишвар зарбаи ҷиддӣ мезанад ва шояд Эрон барномаи афзоиши қобили мулоҳизаи истихроҷи гозро то даҳ соли дигар ба таъхир гузорад.
XS
SM
MD
LG