Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дархости Ироқро рад кард


Иёлоти Муттаҳида талаби ҳукумати Ироқ ҷиҳати таъйини замони мушаххаси тарки нерӯҳои хориҷӣ аз он кишварро рад кард. Гонзалло Галегос - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ ба шароити амниятӣ дар он маҳал вобаста хоҳад буд. Рӯзи сешанбе ҳукумати Ироқ гуфт, ҳеҷ гуна созишномаи амниятӣ бо Амрикоро намепазирад, агар дар он рӯзи мушаххаси хуруҷи нерӯҳо аз кишвар таъйин нашавад. Бо беҳтар шудан вазъи амниятӣ дар Ироқ ин кишвар ва Амрико доир ба созишномаи амниятие музокира доранд, ки идомаи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии Амрико дар Ироқро муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG