Гуфта мешавад, як маргталаб имрӯз мошини миндори худро ба бинои сафорати Ҳиндустон равона кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар байни кушташудагон чаҳор шаҳрванди Ҳиндустон низ ҳаст. Ҳукумати ин кишвар ин амали террористиро маҳкум намуд.
Инфиҷор дар ҳоле рух додааст, ки дар назди сафоратхона одамони зиёде барои дарёфти раводид ҷамъ шуда буданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки касе масъулияти ин инфиҷори худинро ҳанӯз ба дӯш нагирифтааст.
Вале таъйид мешавад, ки чанде пеш ҳаракати Толибон эълон намуда буд, ки миқдори таҳоҷум ба Кобулро афзоиш хоҳад дод.