Ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар нахустин нишасти кории худ дар шаҳри Душанбе доир ба таъсиси телевизиони муштараки форсизабон санади расмӣ имзо кардаанд. Бино бар иттилоъи хабаргузории ИРНА- и Эрон, санади мазкур баъзе аз муқаррароти таъсиси телевизионро пешбинӣ мекунад. Қароргоҳи марказии телевизион шаҳри Душанбе интихоб шудааст. Қарор аст, нишасти дуввуми ҳайъатҳои расмӣ рӯзи 7-уми август доир шавад. Моҳи марти соли равон раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Эрону Афғонистон эълом карданд, барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии худ телевизиони муштаракеро таъсис хоҳанд дод.