Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурдимуродов аз маҳбас раҳо шуд


Сазак Дурдимуродов, хабарнигори озоди бахши туркмании Радиои Озодӣ аз маҳбас раҳо карда шуд. Пайвандони ӯ гуфтанд, ки Дурдимуродов бегаҳи рӯзи ҷумъа ба манзилаш дар шаҳри Баҳордин баргашт.

Сазак Дурдимуродов, шореҳ ва меҳмони доимии барномаҳои Радиои Озодӣ рӯзи 18 июн аз сӯи полиси Туркманистон боздошт шуда ва барои сарпечӣ аз талаби қатъи ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ мавриди лату кӯбу шиканҷа қарор гирифта буд. Мақомоти Туркманистон рӯзҳои ахир хабарнигорро дар бемористони маризиҳои рӯҳӣ нигаҳ медоштанд.

Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ боздошту шиканҷаи хабарнигорро қатъӣ маҳкум карда буд. Баъдан созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, раҳоии фаврии Дурдимуродовро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG