Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё шӯъбаи низомии Ҳизбуллоҳро баст


Ҳукумати Бритониё имрӯз гуфт, ки шӯъбаи низомии ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардааст. Дар як изҳорот муовини вазири умури дохилаи Бритониё Тони Макналти гуфт, ин чунин маъно хоҳад дошт, ки фаъолияти шӯъбаи низомии ин ҳизб дар қаламрави Бритониё ҷиноят арзёбӣ шуда, барои афроди марбут ба ин созмон, онҳое, ки маблағгузорӣ ва пуштибонии онро ба роҳ мемонанд, муҷозоти қонунӣ пешбинӣ мешавад. Қарори мазкурро парлумони Бритониё ҳам бояд ба тасвиб расонад. Вазорати дохилаи ин кишвар мегӯяд, ки бо ин иқдом аммо фаъолиятҳои сиёсии ин ташаккул дар хоки Бритониё осеб нахоҳад дид.

XS
SM
MD
LG