Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари шоҳи Урдун ба Ироқ


Вазири хориҷаи Ироқ гуфт, ки шоҳи Урдун Абдуллоҳ аз ин кишвар дидан карда, рӯзҳои наздик сафари нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳам ба Бағдод дар назар аст. Ҳушёр Зебарӣ гуфт, ки сафарҳои мазкур маънои тадриҷан ба эътидол омадани вазъи Ироқро дорад. Роҷеъ ба санаи сафари раҳбарони баландпояи хориҷӣ ба кишвар оқои Зебарӣ чизе нагуфт. Аммо дар сурати боздиди шоҳ Абдуллоҳ аз Ироқ вай нахустин раҳбари як кишвари арабӣ хоҳад буд, ки баъди суқути режими Саддом аз ин кишвар дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG